Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Янукович баъди оғози кӯтоҳ, дубора ба таъхир андохта шуд


Мурофиаи додгоҳии президенти собиқи Украина Виктор Янукович дар Киев, ки қарор буд дар ғайбаш баргузор шавад, баъди шурӯи кӯтоҳмуддате боз ба таъхир афтод. Мурофиа бояд рӯзи 26 июн дар Киев баргузор мешуд ва Янукович, ба қавли вакили дифояш Виталий Сердюк, мехост тавассути тамоси ҳамзамони видеоӣ ба саволҳои мурофиа посух диҳад. Чунин меъёрро онҳо мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ имконпазир номиданд. Вале ба иддаои Сердюк, мақомоти украинӣ чунин шароитро фароҳам наоварданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳои муқаддамотӣ, ки 5 май шурӯъ шуд, ҷониби Янукович тақозо дошт, ки додгоҳ бояд аз Русия ба таври расмӣ барои фароҳам овардани шароити ҳузури видеоии ҷавобгар дар мурофиа дархост фиристад. Баъди фирор аз Украина Янукович дар Русия паноҳ ёфт. Додгоҳ гуфт, ки барои таъмнии шароити ҳузури президенти собиқ дар мурофиа тавассути видео пайвастшавии мустақим тавассути Интернет кифоят мекунад ва чунин посух ба маънои адами зарурати муроҷиат ба Русия пазируфта шуд.

Янукович феврали соли 2014 бо тарки курсии худ ба Русия фирор кард. Ин ҳамон марҳилае буд, ки ӯ аз имзои созиши муҳими ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашида дар паи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Маскав шуд ва ин тасмими ӯ боиси эътирозҳои шадид гардид. Талоши ҳукумат барои саркӯби тарафдорони Евромайдан – эътирозҳои тарафдорони ҳамоиш бо Аврупо - боиси кушта шудани даҳҳо нафар гардид. Януковичро дар Украина барои хиёнат ба ватан, нақзи қонунҳои кишвари соҳибистиқлол ва таҳрики таҷовузи Русия муттаҳам мекунанд. Баъди фирори ӯ, Русия нимҷазираи Қримро ғасб карда ба пуштибонии ҷудоиталабони украинӣ дар шарқи ин кишвар пардохт. Дар давоми се соли охир шумори қурбониёни ин рӯёрӯиҳо то 10 ҳазор нафар афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG