Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ барои муҳассилон стипендия муайян кард


Раиси шаҳри Душанбе барои 200 муҳассили мактабҳои миёна ва муассисаҳои миёнаи касбӣ дар ҳаҷми 250 сомонӣ ва ба мӯҳлати 9 моҳи таҳсили соли нави хониш стипендия муқаррар намуд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки чунин тасмим дар чаҳорчӯби қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 28 марти соли ҷорӣ «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017» амалӣ мешавад. Дар хабар гуфта шудааст, ки стипендия «барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе" барои таҳсили хубу аъло ва ширкати фаъолона дар созмонҳои ҷамъиятӣ тақдим мешавад.

Мӯҳлати иҷрои ин қарор аз 1 сентябри соли ҷорӣ то 1 июни соли 2018 муқаррар шудааст.

Дар қарор гуфта шудааст, ки маблағи стипендияи мазкур аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ пардохт мешавад ва бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии ин маблағро назорат мекунад. Ин қарор аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст.

Рустами Эмомалии 29-сола, писари калонии президент Раҳмон январи соли ҷорӣ ба мақоми мири шаҳри Душанбе таъин шуд. То оғози соли ҷорӣ ӯ дар мақомҳои раиси Оҷонсии мубориза бо фасод ва раиси Кумитаи гумрук кор кардааст. Таъйиноти ӯро ба ин мақом ҳам ҷавобгӯи сиёсати ҷавонгароии ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Аз ин пеш, бо қарори вижаи шаҳрдории Душанбе ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳои пойтахт манъ шуд. Ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабҳо дар фасли тобистон, ки як падидаи берун аз қонун, вале роиҷ дар солҳои охир буд, ҳамеша мояи шикоят ва нороҳатии волидон буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG