Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарендра Моди ба дидори Доналд Трамп рафт


Нарендра Моди
Нарендра Моди

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд рӯзи 25-уми июн ба Амрико сафар кард ва қарор аст, бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳур мулоқот кунад. Айни замон вакилони мардумии Амрико саъй доранд, муқаррароти додугирифт бо Ҳинд осонтар карда шавад.

Вакилон аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Демократи Амрико рӯзи 24-уми июн бо ирсоли номае ба номи Доналд Трамп аз ӯ хостанд, масъалаи боз кардани бозори азими Ҳинд ба рӯи тоҷирону сармоягузорони Амрикоро дар миён бигузорад.

Дар номаи вакилон омадааст, ки “Ҳинд бисёре аз бахшҳои иқтисодашро сахт зери назорат гирфита ва муҳофизат мекунад ва Ҳинд яке аз ҷойҳоест, ки фаъолият барои ширкатҳои амрикоӣ дар онҷо сахт аст.”

Ҳинд дар шохиси тиҷорати Бонки Ҷаҳонӣ дар байни 190 кишвар, мақоми пасти 130-ро ишғол мекунад. Нарендра Моди пештар Доналд Трампро танқид кардааст, ки сиёсати протексионистиро пеш мегирад.

XS
SM
MD
LG