Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Қазоқистон қонуни маҳрумият аз шаҳрвандиро тасвиб кард


Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумони Қазоқистон

Палатаи болоии порлумони Қазоқистон тағйироти баҳсбарангез ба қонунро тасвиб кард, ки табааи кишварро "барои амалҳои террористӣ" аз ҳақи шаҳрвандӣ марум мекунад. Сенат тарҳи тағйиротро тасдиқ кард ва барои имзо ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фиристод.

Ин лоиҳа моҳи май аз сӯи палатаи поёнии порлумон қабул шуда буд.

Тибқи лоиҳа, додгоҳ шаҳрвандонеро, ки ба ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, иштирок дар онҳо, "расонидаи зарари вазнин ба манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар", ҳамла ба президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва содир кардани ҷурмҳои дигар айбдор мешаванд, аз ҳақи шаҳрвандӣ меҳрум мекунад.

Мунаққидон мегӯянд, ки меъёрҳои қонун метавонад зидди мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар хориҷ ба сар мебаранд истифода шавад. Ба гуфтаи мунаққидон, "манфиатҳои ҳаётан муҳими Қазоқистон" як мафҳуми печида аст.

Видеоҳои охирин

Андози зиёд мафоди ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро коҳиш додааст
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG