Пайвандҳои дастрасӣ

Албоми таронаҳои президенти Қирғизистон ба фурӯш даромад


Албоми таронаҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев. Маскав - 21 июни соли 2017

Фиттаи таронаҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамоев бо номи "Алорағми сарнавишт" ба фурӯши озод гузошта шуд. Арзиши як фитта 300 рубли русӣ (муодили тақрибан 45 сомонӣ) муқаррар шудааст. Фитта ё диски таронаҳоро аз сомонаи расмии ширкати "Мелодия", ки бори аввал фиттаи иборат аз 10 таронаи президенти Қирғизистонро бо забони русӣ нашр кардаст, метавон харид.

Алмосбек Отамбоев, ки рӯзҳои охир дар Москва ҳузур дорад, дар мулоқот бо қирғизистониҳо фиттаи таронаҳояшро ба онҳо ҳадя кардааст. Отамбоев гуфтааст, ки ҷамъоварии таронаҳои ӯ дар шакли як албом ибтикори ширкати "Мелодия" буд.

Ба ин албом таронаҳои "Ман бе ту наметавонам зист", "Ман аз марг наметарсам", "Чудак", "Рита", "Тарона дар васфи Соли куҳан (31 декабр)" шомил шудаанд. Матн ва оҳанги таронаҳо ба худи президент таалуқ доранд.

Ба гуфтаи сомонаи расмии ширкати "Мелодия" фиттаи таронаҳои Отамбоевро афроди расмии Русия, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров, мудири "Роснефт" Игор Сечин, раиси бахши "Газпром" Алексей Миллер ва муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов дарёфт кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG