Пайвандҳои дастрасӣ

Роза Отунбоева: Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд


Роза Отунбоева бо Омурбек Текебоев. Рӯзи 22 июни соли 2017

Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, дар мурофиаи Омурбек Текебоев – раҳбари ҳизби мухолифи "Ота Макон" ба ҳайси шоҳид ҳозир шуд ва бо вуҷуди мониагузориҳои низомиён бо муовини пешинаш дастфишорӣ кард. Баъдан ӯ имкон пайдо намуд, ки дар наздикии панҷараи додгоҳ низ бо Текебоев суҳбати кӯтоҳ кунад.

Отунбоева рӯзи 22-юми июн дар толори додгоҳ хостори барқарории адолат шуд ва хитоб ба додраси парванда гуфт, "боэҳтиром мехоҳам, ба Шумо муроҷиат кунам. Додгоҳ бояд ҳақиқатбин бошад. Аммо ин додгоҳ ноодилона аст. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Ҳарду тарафро бишнавед ва қарори одилона қабул кунед."

Дар қазияи Омурбек Текебоев дар маҷмуъ номи чиҳил шоҳид сабт шудааст, ки дар миёни онҳо исми Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, низ ҳаст. Аммо маълум нест, ӯ ба мурофиа ҳозир хоҳад шуд, ё на.

Омурбек Текебоев барои гӯё гирифтани пора дар қазияи ширкати "Мегаком" муттаҳам аст. Вай охири моҳи феврали имсол боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамроҳи ӯ Дуйшенқул Чотонов низ боздошт шудааст. Ҳардуи ин сиёсаматдор тамоми иттиҳомро рад кардаанд.

Роза Отунбоева, нахустин раиси ҷумҳури зан дар қаламрави Осиёи Марказӣ, муддати якуним сол – аз моҳи майи соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд. Моҳе пеш аз нишастан ба ин курсӣ, Отунбоева ва тарафдоронаш зидди сиёсати президент Қурмонбек Боқиев инқилоб карда, ӯро водор намуданд курсиро тарк кунад.

Баъди анҷоми рисолати президентии худ, бар тибқи тақозои қонун, Отунбоева аз мақомаш рафт ва ба ҷойи ӯ дар курсии аввал дар ин кишвар Алмосбек Отамбоев нишаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG