Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Белгия чаҳор нафарро бо гумони даст доштан дар талоши таркондани истгоҳи марказии роҳи оҳани Брюссел боздошт карданд. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 22-юми июн гузориш дод.
Рӯзи гузашта маълум шуд, ки вокзалро марди 36-солаи марокашӣ мехост, мунфаҷир кунад. Мақомот дар бораи робитаи ӯ бо тундравон маълумот надоранд. Аммо маълум шудааст, ки ин мард ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таваҷҷӯҳ дошт.
Талоши таркондани истгоҳи роҳи оҳан бегоҳи рӯзи сешанбе ҷараён гирифт. Ҳамлагар мехост, бомбаи дар ҷомадон гузоштаашро битарконад. Онҳое, ки дар вокзал буданд, осеб надиданд. Сарбозон ба сӯйи ҳамлагар тир кушоданд ва ӯ ҳалок шуд.
Аз ин марди марокашӣ теъдоди зиёди маводи тарканда ёфтанд ва гуфта шуд, ки ӯ миқдори ками ин маводро ба кор дароварда буд. Нигароние ҳам вуҷуд дошт, ки ҳамлагар “камарбанди маргталабона” дорад. Аммо ин маълумот тасдиқ нашуд.
Аз моҳи марти соли 2015, баъди ҳамлаи террористии гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Брюссел, Белгия аз чораҳои шадиди амниятӣ кор мегирад. Он замон дар натиҷаи таркиши бомба дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел 32 нафар кушта шуд.