Пайвандҳои дастрасӣ

Азим Иброҳим: "Тоҷикистон алоқаманди рушди интернет аст"


Тоҷикистон мегӯяд, ки барои рушди интернет алоқаманд аст, вале дар ин замина бархе мушкилот миёни кишварҳои минтақа, ИДМ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай вуҷуд дорад. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 22-юми июн дар "Нишасти дувуми Осиёи Марказӣ оид ба идораи интернет", ки бо ширкати беш аз 120 намояндаи мақомоти расмӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар меҳмонхонаи "Серена"-и Душанбе оғоз шуд, гуфт, ки дар маънидод кардани заминаҳои ҳуқуқии киберҷангҳо, киберҳамлаҳо, терроризм ва ифротгароӣ мухолифатҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад ва даъват кард, ки кишварҳо мавқеи ягона дошта бошанд. Муовини нахуствазири Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвараш хеле алоқаманд аст, ки дар рушди иқтисодӣ рақамӣ низ саҳм дошта бошад ва ба ин хотир, донистани ду забон, аз ҷумла русӣ ва англисиро барои ҷавонон ҳатмӣ кардааст. Қарор аст Нишасти дувуми Осиёи Марказӣ оид ба идораи интернет, ду рӯз идома кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG