Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Ҳакерҳои Русия сохтори овоздиҳӣ дар 21 аёлатро шикастанд


Намояндагони Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯянд, ки рахнагарони интернетии Русия дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016, сохтори овоздиҳии электрониро дар на камтар аз 21 аёлат шикастанд.

Ҷанетт Манфра, корманди аршад дар умури амнияти Департаменти амнияти дохилӣ, рӯзи 21 июн дар нишасти Сенат, ки тамаркузи аслии он рӯи натиҷагирии ҷомеаи истихбороти ИМА, оиди рахнагарии Русия дар системаи интихоботӣ буд, дар ҳузури кумитаи Сенат гузориш дод. Манфра ҳамзамон гуфт, ки райъҳо тақаллуб нашуданд.

Ӯ аз эълони теъдоди дақиқи аёлатҳои мавриди рахнагарӣ ва дуздии миқдори маълумоти овоздиҳандаҳо канор рафт. Масъалаи ҳудуди дахолати Русия ба сохтори интихоботии ИМА дар аёлатҳои алоҳида, боиси нигаронии ҷиддии мақомоти федеролӣ шудааст.

Ин ҳолат Департаменти амнияти дохилии Амрикоро водор кард, ки моҳи январ сохтори овоздиҳиро "зерсохти ҳаётӣ" эълон кунад ва ба мақомоти федеролӣ салоҳияти дахолат ба умури сохтори интихоботии аёлатҳоро бидиҳад. Сэмюэл Лейс, иҷрокунадаи вазифаи раҳбари бахши киберии Департаменти амнияти дохилӣ гуфт, интизор меравад, ки Русия "амалиёти пахши нуфуз дар Ийолоти Муттаҳида"-ро идома медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG