Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия ҳамасола ба Қирғизистон $30 млн медиҳад. ВИДЕО


Алмосбек Отамбоев ва Владимир Путин
Алмосбек Отамбоев ва Владимир Путин

Дар Маскав гуфтугӯи раҳбарияти Қирғизистону Русия баргузор шуд ва натиҷаи онро раисони ҷумҳури ду кишвар дар поёни нишаст бо хабарнигорон дар миён гузоштанд.

Владимир Путин гуфт, ки Русия чун пештара ба иқтисоди Қирғизистон кумак бебозгашт мекунад. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ки кишвараш барои Бунёди рушди Русияву Қирғизистон 500 миллион доллар тахсис додааст.

Путин кумаки солонаи Русия ба иқтисоди Қирғизистонро 30 миллион доллар ҳисоб кард ва гуфт, ки ҳаҷми кумак аз соли 2012 ба 255 миллион доллар баробар шуд. Дар доираи сафари феълии Отамбоев, Маскав 240 миллион доллар қарзи Қирғизистонро бахшид.

Владимир Путин гуфт, “имрӯз, инчунин, дарки мутақобили ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистонро тасдиқ кадем, ки омили муҳими таъмини эътидол ва амният дар Осиёи Марказӣ аст. Ин пойгоҳ ҷавобгӯи муносибати дарозмуддати мо ва ҳамаи шариконамон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъист. Мо бо шарикони қирғизамон ба қароре расидем, ки ба ҳамоҳангсозии талошҳоямон дар мубориза бо терроризм ва идеологияи тундгароӣ идома диҳем.”

Алмосбек Отамбоев низ дар навбати худ гуфт, ки “равобити дуҷониба ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ расидааст”.

Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев баъди музокирот бо хабарнигорон мулоқот карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:35 0:00

XS
SM
MD
LG