Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар. 5 нафар бистарӣ шуданд


Мақомот аз хуруҷи бемории домана дар ҳудуди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон хабар дода, гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир чанд зан ва хонандаи мактаб ба бемористон интиқол ёфтаанд. Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хатлон, рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар пизишкон хона ба хона гашта, сокинонро аз ташхис мегузаронанд.

Ба қавли Маллазода, то кунун маълум кардаанд, ки 5 сокини ин ҷамоат ба ин беморӣ гирифтор шуда, 70 нафар ҳамчун гумонбар ба ин беморӣ ташхис шудаанд. Ӯ сабаби хуруҷи доманаро ба истеъмоли оби канали ин маҳал рабт дод.

Домана як бемории сироятӣ мебошад ва ба гуфтаи табибон, дар гармои шадид ва бинобар нопок будани оби ошомиданӣ хуруҷ мекунад. Дар вилояти Хатлон давоми имсол барои бори аввал ҳолати гирифтории сокинон ба ин беморӣ, сабт шудааст. Соли 2016 дар ҳудуди вилояти Хатлон касе ба ин беморӣ мубтало нашуда буд ва ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, соли 2015 ду ҳолати гирифторӣ ба ин бемориро сабт карданд.

Тобистони Хатлон дар муқоиса ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон гармтар аст ва эҳтимоли хуруҷи бемориҳо бештар вуҷуд дорад. Тобистони соли гузашта дар вилояти Хатлон ду ҳолати марги сокинон аз бемории табларза дар ҷамоати деҳоти "Бохтариён" сабт шуда буд.

XS
SM
MD
LG