Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт сарбоз дар назди пойгоҳи Амрико дар Афғонистон кушта шуд


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Афғонистон аз ҳалокати ҳашт сарбози амниятӣ дар вилояти шимолии Парвон хабар доданд, ки ҳадафи тири гурӯҳи ношинос қарор доштанд. Дар ин ҳамла, ба гуфтаи Абдулшукур Қудусӣ, волии ноҳияи Багром, ду нафар ҷароҳат бардошт.

Нигаҳбонҳои пойгоҳи Багром бегоҳи 18-уми июн дар пайи ҳамлаи гурӯҳи ношинос ба мошини онҳо кушта шуданд. Ҳодиса дар шоҳроҳи наздик ба деҳкадаи Шоҳ Хон ба вуқуъ пайваст, ки ҳудудан дар яккилометрии пойгоҳи ҳавоии Багром ҷойгир аст.

Гурӯҳи даҳнафарии сарбозони амниятӣ озими макони хидматӣ буданд, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт.

Багром - бузургтарин пойгоҳи низомии ИМА дар қаламрави Афғонистон - ҳадафи муназами ҳамлагарон аст.

Моҳи ноябр, як ҳамлагари интиҳорӣ бомбаро дар дохили пойгоҳ мунфаҷир карда, ду низомӣ ва ду мулкии амрикоиро кушт ва 16 нафари дигарро захмӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG