Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба таҳдиди "ҷанги ҳавоӣ"-и Русия дар Сурия посух дод


Дар посух ба ҳушдори Кремл, ки ҳавопаймоҳои ИМА ва нерӯҳои эътилоф дар фазои Сурия ҳамчун ҳадафҳои эҳтимолии Русия баррасӣ хоҳанд шуд, Вашингтон гуфт, эътилоф дар ҳама ҳолат ҳаққи худро барои худдифоӣ ҳифз хоҳад кард.

Сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер рӯзи 19-уми июн гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи манфиатҳои худ ва ҳампаймонҳояш дар Сурия аз ҳамаи васила кор хоҳад гирифт. Ба дунболи сарозер кардани бомбафкани Су-22-и Сурия аз тарафи нерӯҳои эътилофи таҳти назорати Амрико, Маскав эълон кард, ки аз ин ба баъд ҳавопаймоҳои ИМА ва кишварҳои дигар дар осмони Сурияро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ҳавопаймои сарнагуншуда ба мавзеъҳои мухолифони суриягӣ зарба мезад, ки дар наздикии Раққа бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” вориди даргир буданд.

Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, ҳавопаймои давлати Сурия дар ҳоле суқут дода шуд, ки ба ҳушдорҳо вокуниш накард. Эътилоф ҳушдорро бо истифода аз канали хати махсус, тавассути низомиёни Русия пахш кард.

Спайсер гуфт, Кохи Сафед талош мекунад, ки барои пешгирӣ аз рӯйдодҳои буҳронӣ ин хатти робитаро бо ҳарбиёни Русия ҳифз кунад. Бино ба изҳороти Пентагон, ИМА барои таъмини амнияти ҳавопаймоҳояш, ки ба мавзеъҳои “Давлати исломӣ” зарба мезананд, масири парвози онҳоро тағйир медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG