Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари ҳамла дар назди як масҷиди Лондон боздошт шуд


Марде, ки дар пахш кардани одамон дар минтақаи боғи Финсберии Лондон гумонбар дониста мешавад, бо гумони терроризм, куштор ва сӯиқасд ба куштор ба ҳабс гирифта шуд. Мақомоти қудратӣ вазъи ҳамлаеро, ки шаби якшанбе ба душанбе сурат гирифт, меомӯзанд. Мошини борбар дар наздикии масҷид одамони пиёдагардро пахш кард, ки дар натиҷа як нафар кушта шуд ва 10 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Марди 47-сола, ки пушти фармони мошин менишаст, аз сӯи сокинони маҳаллӣ боздошт ва ба пулис супорида шуд. Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ҷаласаи фаврӣ ташкил карда, ҳодисаи мазкурро "ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонон" номид.

XS
SM
MD
LG