Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди як мошин ба раҳгузарон дар наздикии масҷиде дар Лондон


Ба навиштаи рӯзномои Guardian, як мошин пиёдагардонро дар Финсбури-- яке аз маҳаллаҳои шаҳри Лондон зер кардааст. Пулиси Лондон ҳудуди соати яки шаби 19-уми июн дар Твиттер"-и худ аз вуқӯи ҳодиса дар шимоли Лондон хабар дод. Пулис мегӯяд. ки як шахс дар ин робита боздошт шудааст. Дар ҳамин ҳол сафҳаи расмии Шӯрои мусалмонони Бритониё дар Твиттер навиштаааст, ки як мошин афроди дар ҳоли хуруҷ аз масҷид дар ин маҳаллаи шаҳри Лондонро пахш кардааст. Шумораи захмиҳо ва куштаҳои эҳтимолӣ то ба ҳол эълом нашудааст. Мақомот то ба ҳол нагуфтаанд, ки ин як ҳодисаи автомобилӣ буд ё қасдан мардумро пахш кардааст.

XS
SM
MD
LG