Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон 5 афсари пулиси афғонро дар Гардез куштанд


Пактико борҳо шоҳиди ҳамлаҳои Толибон шудааст.

Ҷангҷӯёни Толиб рӯзи 18-уми июн бо ҳамла ба як қароргоҳи пулис дар шарқи Афғонистон камаш 5 маъмури пулисро куштанд. Сардор Валӣ Табассум, сухангӯи пулиси вилояти Пактиё гуфт, ду маргталаб мошинҳои бомбгузоришудаашонро ба қароргоҳи пулис равона кардаанд ва сипас чанд ҷангҷӯ ба идора ворид шудаанд.

Яке аз ҷангҷӯён камарбанди таркандаашро дар дохили идораи пулис мунфаҷир кардааст ва ду нафари дигарро маъмурони пулис куштаанд. Ба гуфтаи як табиб аз шифохонае дар наздикии маҳалли ҳодиса даҳҳо ғайринизомии маҷрӯҳро барои муолиҷа ба ин шифохона овардаанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳамла ба шаҳри Гардезро таъйид кард ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо ирсоли баёнияе ба матбуот гуфт, ки ҳамла кори дасти ин гурӯҳ будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG