Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи раҳбарони ҷаҳон ба даргузашти Ҳелмут Кол дар Олмон


Ҳелмут Кол, нахуствазири пешини Олмон

Ҳелмут Кол, нахуствазири собиқи Олмон, рӯзи 16-уми июн дар 88-солагӣ даргузашт. Ӯ аз соли 1982 то 1998, яъне шонздаҳ сол, ки дар таърихи муосири Олмон “рекордӣ” дониста мешавад, садри аъзами ин кишвар буд.

Кол, инчунин, аз соли 1973 то 1998 раёсати Ҳизби демократии масеҳиро бар ӯҳда дошт. Нақши ӯро барои ба ҳам овардани ду Олмон – ғарбӣ ва шарқӣ – дар соли 1990 муҳим медонанд.

То кунун раҳбарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон даргузашти Ҳелмут Колро таслият гуфтанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, бо изҳори инки Ҳелмут Кол ба шахсияти вай хеле таъсир дошт ва зиндагии ӯро тағйир дода буд, гуфт, “марги Ҳелмут аз хабарҳоест, ки ҳамаро хомӯш ва мутаваққиф мекунад.”

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, гуфт, Ҳелмут Кол "дӯсти воқеии озодӣ буд".

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ рӯзи 17-уми июн дар номаи таслияташ ба раҳбарият ва мардуми Олмон Ҳелмут Колро сиёсатмадоре донист, ки "дар таъсиси Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG