Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Озарбойҷон як фаъоли сиёсиро ба зиндон андохт


Додгоҳе дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, рӯзи 17-уми июн як фаъоли сиёсиро ба чаҳор соли зиндон маҳкум кард. Фуад Аҳмадлӣ, намояндаи ҳизби мухолифи “Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон” гуфт, ки парвандаи ӯ ва, ҳамин тавр, ҳукмаш сиёсист.

Фуад Аҳмадлӣ расман барои ғайриқонунӣ гирифтан ва дар ихтиёри тарафи севум гузоштани иттилоъ дар бораи муштариёни ширкати мухобиротии “Азерфон” айбдор шуд. Аҳмадлӣ қаблан дар ҳамин ширкат кор мекард ва моҳи августи соли гузашта боздошт гардид.

Ин фаъоли ҳизби “Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон” дар додгоҳ гуфт, ки ин қарори додрас намунаи беадолатӣ ва дорои ангезаи сиёсист. Аҳмадлӣ гуфт, таъқиб ва боздошташ баъди фаъолиятҳои сиёсии ӯ сурат гирифтанд. “Бо амри боло чунин қарори ноодилонаро содир карда ва номатонро дар саҳифаи сиёҳи таърих сабт намудед”, - гуфт Аҳмадлӣ хитоб ба додраси парванда.

Мунтадиқони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, мегӯянд, ҳукумати ӯ талош дорад, ки мухолифони худ, аз ҷумлаи фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи маданиро бо ҳар роҳ ба зиндон бикашад ё даҳонашонро бубандад. Илҳом Алиев, ки раёсати ҷумҳури Озарбойҷонро аз падараш Ҳайдар Алиев "ба мерос" гирифтааст, солҳо боз ба ин кишвари саршор аз нафту газ ҳукумат дорад.

XS
SM
MD
LG