Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори нави Амрико ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико дар Душанбе дар паёме аз эҳтимоли вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дод. Масъулини сафорат дар паёми рӯзи 16-уми июн гуфтанд, ки ҳарчанд вақтҳои ахир дар Тоҷикистон ҳеҷ ҳамлаи созмонёфтаи террористӣ сурат нагирифтааст, “вале ин таҳдид вуҷуд дорад ва ин хатар солҳои ахир афзоиш ёфтааст”.

"Созмонҳои террористӣ метавонанд, аз ҷумла алайҳи манфиатҳои Амрико ва ба муқобили сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҳамлаҳоро ба роҳ монанд", - гуфта шудааст дар ин паём.

Сафорат аз шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон хостааст, ки дар минтақаҳои наздик ба марзи Афғонистон аз эҳтиёт кор гирифта, аз ҳузур дар маҳалли серодам худдорӣ кунанд. Сафорати Амрко моҳи ноябри соли гузашта низ ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дода буд, ки аз васоити нақлиёти умумӣ дар Тоҷикистон парҳез намоянд.

Аммо он вақт масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфта буданд, ки маншаи пахши огаҳии сафорати Амрикоро намефаҳманд, зеро ба қавли онҳо "вазъият дар кишвар амну ором аст".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG