Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп тавофуқномаи маъмурияти Обамаро бо Куба бекор кард


Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мувофиқатномаи президенти собиқи ин кишвар Барак Обамаро бо Куба лағв кард. Ӯ рӯзи 16-уми июн ҳангоми суханронӣ дар аёлати Флорида гуфт, "ман тавофуқномаи комилан якҷонибаи маъмурияти пешин бо Кубаро лағв мекунам."

Раиси ҷумҳури Амрико ваъда дод, барои расидан ба тавофуқ бо Куба талош хоҳад кард, тавофуқе, ки ба гуфтаи ӯ ба манфиати ду тараф бошад. Доналд Трамп ҳамчунон гуфт, дар сурати озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ ва интихоботи озод дар Куба, таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар бардошта хоҳад шуд.

Моҳи марти соли гузашта Барак Обама ҳамроҳи хонаводааш ба Ҳавана, пойтахти Куба рафт ва аввалин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки баъди соли 1928 ба ин кишвар сафар кард. Президенти собиқи Амрико бо раиси ҷумҳури Куба Раул Кастро мулоқот карда ва ду тараф созишнома дар бораи барқарории муносибатҳои дипломатӣ имзо карда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG