Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: “Сафари вазири умури дохилии Узбакистон ба Тоҷикистон корӣ аст”


Абдусалом Азизов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сафари вазири умури дохилии Узбакистон ба Душанберо тасдиқ кард. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “генерал Абдусалом Азизов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Вай дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе иштирок хоҳад кард.”

Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, ин нишаст рӯзҳои 27-29 июн баргузор шуда, ҳамоҳангӣ дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои асосӣ хоҳад буд.

Генерал Абдусалом Азизов бори аввал ба Тоҷикистон меояд. Ҳудуди 20 соли пеш Зокир Алматов, вазири вақти корҳои дохилии Узбакистон ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи оянда ҳайате аз мақомҳои иқтисодии Узбакистон низ дар раъси Улуғбек Бобоқулов ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин сафар, ки рӯзҳои 20 ва 21-уми июн сурат мегирад, вазъи феълӣ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя баррасӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Камбуди доллар дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG