Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Европол: Дар соли 2016 террористҳо 142 нафарро қурбон карданд


Шамъ ба хотираи қурбониёни амалиёти террористӣ дар Мюнхен. 23 июли соли 2016
Шамъ ба хотираи қурбониёни амалиёти террористӣ дар Мюнхен. 23 июли соли 2016

Соли 2016 беш аз ҳазор нафар дар Иттиҳоди Аврeпо бо гумони терроризм боздошт шуданд, ки ин дар муқоиса бо соле пеш 75 нафар камтар аст. Дар ин бора Оҷонсии пулиси Аврпуо ё Европол рӯзи панҷшанбе гузориш дод.

Бахши умдаи боздоштшудаҳо дар соли 2016 - 718 нафар- ба ҷиҳодгароӣ рабт доранд. Беш аз се дар сади ин нафарон то 25 сола буданд.

Ба гуфтаи Европол, теъдоди амалҳои террористӣ аз 17 ҳамлаи соли 2017 ба 13 ҳамла дар соли 2016 коҳиш ёфт. Масъулияти шаш ҳамлаи соли гузаштаро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

Дар маҷмуъ соли гузашта дар қаламрави Иттиҳоди Аврпуо 142 амали террористии татбиқшуда, пешгиришуда ва номуваффақ ҷой дошт. Бахши умдаи онҳо ба Британия рост меояд.

Европол дар гузориши худ Фаронса, Италия, Испания ва Юнонро аз кишварҳое нобар кардааст, ки бештар аз дигарон аз терроризм осеб дидаанд. Аз 142 қурбонӣ 135 нафари онҳо дар ҳамлаҳои тундравон ҳалок шудаанд. Теъдоди онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо захм бардоштаанд, 379 нафар будааст.

XS
SM
MD
LG