Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои санади ҳамкорӣ миёни гумруки Тоҷикистону Узбакистон


Тоҷикистон ва Узбакистон ду протокол оид ба ҳамкориҳои гумрукӣ имзо карданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи 65-уми Шӯрои раҳбарони хадамоти гумруки ИДМ, протоколҳо оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва доир ба тартиби ҳамкорӣ ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Узбакистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа, аз сӯи сарони ин ду ниҳод Абдулфаттоҳи Ғоиб ва ҳамтои узбакаш Тоҳирӣ Муидҷон Ваҳҳобович, имзо шуд. Ҷасалаи Шӯрои раҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои Иттиҳодияи Давлати Мустақил рӯзҳои 14-15 июн дар шаҳри Боку-- пойтахти Озарбойҷон баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдулфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG