Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико амри боздошти 12 муҳофизи Эрдуғонро содир кард


Таҳкими амният дар назди сафорати Туркия дар Амрико. Рӯзи 16-уми майи соли 2017
Таҳкими амният дар назди сафорати Туркия дар Амрико. Рӯзи 16-уми майи соли 2017

Дар чаҳорчӯби бозҷӯии парвандаи занозанӣ дар маҳалли иқомати сафири Туркия дар Вашингтон, Амрико фармони боздошти 12 корманди хадамоти амнияти президенти Туркияро содир кард.

Ҳодисаи занозанӣ рӯзи 16-уми май дар ҷараёни сафари Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Вашингтон сурат гирифт. Дар заминаи ин бозҷӯӣ ду шаҳрванди турктабори Амрико боздошт шуд.

Раҳбари пулиси Вашингтон Питер Нюшем рӯзи 15-уми июн тасдиқ кард, ки муҳофизони Эрдуғон ба иштирокдорони намоиши эътирозии осоишта дар маҳалли зисти сафири Туркия ҳамла карданд. Қаблан гуфта шуд, ки боздошти муҳофизон танҳо дар сурати вуруди дубораи онҳо ба Амрико имкон дорад.

Ҳизер Ноерт, сухангӯи Департаменти давлатии ИМА дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 15-уми июн гуфт: "Парванда пайғоми рӯшан аст. Амрико афродеро таҳаммул намекунад, ки ба хотири пахши озодии баён ва изҳори қонунии мавқеи сиёсӣ даст ба озору хушунат мезанад. Департаменти давлатӣ аз рӯи ин қазия ҳамкориро бо сохторҳои ҳифзи қонун ва дигар сохтори дахлдор идома медиҳад. Вақте натиҷа ҳосил шуд, Департаменти давлатӣ тасмим мегирад, ки зарурат барои иқдоми баъдӣ вуҷуд дорад, ё не".

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа аз қарори Амрико дар робита ба амри боздошти муҳофизонаш интиқод кард. Ба назари ӯ, ходимони пулис дар маҳалли зисти сафири Туркия вазифаи худро иҷро накарданд.

Миёнаҳои моҳи май дар маҳалли иқомати сафири Туркия, замоне ки президент Эрдуғон дар онҷо буд, дар байни тарафдорон ва ҷонибдорони ҳукумати Туркия занозанӣ сурат гирифт. Кормандони хадамоти амнияти Эрдуғон дар муқобили намоишгарон аз зӯр истифода карданд. Дар ин ҳодиса 9 нафар осеб дид.

XS
SM
MD
LG