Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои Русия: Абубакри Бағдодӣ кушта шудааст


Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ
Бағдодӣ, раҳбари ДИИШ

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" Абубакри Бағдодӣ эҳтимол дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия кушта шудааст. Изҳороти Вазорати дифои Русия рӯзи 16-уми июн пахш шуд.

Ба гуфтаи мақомоти ин ниҳод, Абубакри Бағдодӣ охири моҳи майи имсол дар ҷараёни бомбапартоии ҳавопаймоҳои Русия, дар қисмати ғарбии Раққа, ба ҳалокат расид. Раққа ситоди фармондеҳии ин гурӯҳи тундрав номбар мешавад.

Аз сӯи дигар низомиёни Амрико мегӯянд, ҳеҷ маълумоте надоранд, ки изҳороти Маскав дар робита ба ҳалокати Бағдодӣ, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русияро тақвият диҳад.

Бори аввал нест, ки хабари марги раҳбари ДИИШ пахш мешавад. Матбуот дар гузашта аз ҳалокати Бағдодӣ гузориш пахш карда буд, аммо баъдан ин хабарҳо тасдиқ намешуданд.

Бори охир овозаи марги раҳбари ДИИШ ҳафтаи гузашта дар матбуот паҳн шуд. Аммо то ҳол изҳороте аз сохторҳои низомии даргир бо ин гурӯҳи тундрав пахш нашудааст.

Ба қавли мақомоти Вазорати дифои Русия, хабари марги Абубакри Бағдодӣ ба тасдиқ ва таҳқиқ ниёз дорад.

Абубакри Бағдодӣ соли 2014 худро раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" эълон кард. Ҷиҳодиҳои ДИИШ бахшҳои умдаи Сурия ва Ироқро ишғол кардаанд ва талош доранд нуфузи худро бар манотиқи дигар густариш диҳанд. Ин гурӯҳ ба ҷиноятҳои мудҳиши алайҳи аҳолии мулкӣ бо шумули наслкушӣ гунаҳкор шудааст.

Бар зидди ин гурӯҳ дар баробари сохторҳои низомии мухталиф, эътилофи байналмилалии таҳти раҳбари Амрико мубориза мебарад. Моҳи сентябри соли 2015 Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро оғоз кард, ки Кремлин онро мубориза бо ҷангҷӯёни исломӣ унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG