Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши як масҷид дар Кобул 4 нафар ҷон бохтанд


Мақомҳои Афғонистон мегӯянд, ки шоми панҷшанбеи 15-уми июн бар асари як бамбгузории интиҳорӣ дар паҳлӯи як масҷиди шиаиён дар Кобул, чаҳор тан кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон аз эҳтимоли афзоиши маҷрӯҳони ин ҳамла хабар дод. Таркиш чанд лаҳза пеш аз маросими ифтор, рух додааст. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо дар маҷмӯъ ин гуна ҳамлаҳо аз сӯи Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" анҷом мешаванд. Ду ҳафта қабл дар таркише дар шаҳри Кобул, беш аз 150 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG