Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 6000 муҳоҷири тоҷикро дубора ба “рӯйхати сиёҳ” ворид кард


Мақомоти Русия шаш ҳазор муҳоҷири тоҷикро дубора ба феҳристи сиёҳ ворид кардаанд. Инҳо аз ҷумлаи 108 ҳазор муҳоҷире буданд, ки аз 24-уми март то 25-уми апрели имсол мавриди “афв” қарор гирифтанд.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия шарҳ надодаанд, ки чаро шаш ҳазор муҳоҷир аз рӯйхати ба истилоҳ “афвшудагон” берун гардиданд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Ӯ гуфт, “Хадамоти муҳоҷирати Русия рӯйхати 108 ҳазорро ҳисоб кард, ки бар асоси бандҳои 4 ва 8-и моддаи 26-и қонун "Дар бораи тартиби воридшавӣ ва хориҷшавӣ аз ҳудуди Русия" ба рӯйхати афв афтоданд. Аз рӯи қоида инҳо гуфтанд, ки ҳамин миқдор ҳуқуқи дубора ворид ва кор кардан дар Русияро доранд. Аммо як қоидаи дигар ҳаст, ки инҳо рӯйхатро ба мақомоти амниятӣ пешниҳод мекунанд ва онҳо худашон рӯйхатро аз назар мегузаронанд. Онҳо рӯйхат ва исми ин нафаронро аз ғалбер гузаронданд. Аз 108 ҳазори пешниҳодшуда, роҳи шаш ҳазорро барои кор дар Русия боз накарданд.”

Аҳмадов мегӯяд, мақомоти бехатарӣ сабаби иҷозаи кор ва вуруди ин шаш ҳазор муҳоҷир ба Русияро шарҳ надоданд.

Дар давоми чанд соли ахир беш аз 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд ва барои солҳои гуногун ҳуқуқи кор дар ин кишварро надоранд. Дар пайи маъракае, ки пас аз имзои як созиш миёни ду ҳукумат ба иҷро даромад, беш аз сад ҳазор муҳоҷири корӣ дубора ҳуқуқи кор дар ин кишварро пайдо кард.

Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола то 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия меравад. Ҳисобҳои ғайрирасмӣ ин оморро беш аз як миллион медонанд.

XS
SM
MD
LG