Пайвандҳои дастрасӣ

Бренди "Гуфтаи мардак" дар Шӯрообод. АКС, ВИДЕО


Нуруллоҳ Асламов, вакили собиқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод), ки се сол пеш дар сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии Тоҷикистон тақрибан дар ҳар ҷумла ибораи “гуфтаи мардак”-ро истифода карда, бо ҳамин ном машҳур шуда буд, ахиран онро ба як бренди расмӣ табдил дод.

Асламов дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин фурӯшгоҳ боз карда ва номашро “Гуфтаи мардак” гузоштааст. Акси Нуруллоҳ Асламов ва фурӯшгоҳи “Гуфтаи мардак” рӯзи 15-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Ин вакили собиқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фурӯшгоҳи ӯ бо ёрии як соҳибкор сохта шудааст. Вай гуфт, баъд аз навори сӯҳбат дар се соли қабл даҳҳо нафар ба назди ӯ омада ва аз наздик шинос шуданд. “Ҳатто ба ман туҳфа доданд. Шахсан аз вазири умури дохилӣ низ туҳфа гирифтам”, - нақл кард Нуруллоҳ Асламов.

Ҷараёни таҳияи як гузориши телевизионӣ аз деҳаи селзадаи Пистамазори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо ҳузури Нуруллоҳ Асламов, вакили собиқи ин минтақа, дар се соли пеш дар Интернет баҳси гармеро барпо кард. Дар ин навор, ки дар шабакаи Ютуб даҳҳо ҳазор нафар онро дида ва зераш шарҳ навиштаанд, Нуруллоҳ Асламов талош дорад, аз мушкили ҳамдеҳагонаш ва оқибатҳои сел ҳарф занад, вале дар ҳар ҷумлааш ибораи "гуфтаи мардак"-ро истифода мебарад.

Ин суҳбати Нуруллоҳ Асламов ба экрани телевизионҳо роҳ наёфт, аммо шакли хоми навор дар Интернет гузошта шуд. Дар навор хабарнигорони шабакаи телевизионӣ гаштаву баргашта ба Асламов таъкид мекунанд, ки ибораи “гуфтаи мардак”-ро истифода набарад ва ҳам роҳнамоӣ мекунанд, бояд дар рӯ ба рӯи дурбин дар бораи селу паёмадҳояш чӣ бигӯяд.

Нуруллоҳ Асламов
Нуруллоҳ Асламов

Баъдан наворро чандин вебсайтҳои тоҷикӣ бознашр карданд. Бархе аз корбарон дар ин маврид аз таҳиягарони гузориш интиқод карда буданд, ки ба намояндаи мардум фурсат надодаанд, то назари худро бигӯяд ва баръакс ба ӯ роҳ нишон додаанд, ки дар рӯ ба рӯи дурбини телевизион чӣ бигӯяд ва чӣ нагӯяд.

Бо ин ҳама, Нуруллоҳ Асламов мегӯяд, ин суҳбат самти зиндагиашро тағйир дода ва сафи дӯстонро бештар кардааст. Асламов мегӯяд, ҳанӯз одамоне, ки ӯро мешиносанд, бо номи “Гуфтаи мардак” садояш мекунанд ва намегузоранд, ки ин ибора ба ин зудӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ биравад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG