Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: "Коргарон дар варзишгоҳҳои Русия истисмор мешаванд"


Сохтмони майдони варзишии Зенит

Сохтмончиёни варзишгоҳҳои Русия, барои омодагӣ ба бозии Қаҳрамонии ҷаҳон оиди футбол, мавриди истисмор қарро мегиранд. Дар ин бора созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch рӯзи чоршанбе гузориш дод.

Дар гузориши ин созмон омадааст, ки ба коргарон дар шаш сохтмони варзишгоҳҳои Русия сари вақт, ё аслан маош намедиҳанд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки дар зери офтоби 25 дараҷаӣ, бидуни чораҳои ҳифозатӣ кор кунанд. Бисёр коргарон қарордод надоранд. Созмон дар бораи ҳалокати 17 нафар маълумот гирифтааст ва ҳамчунин дар бораи шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ, ки майдони варзишии Санкт-Петербургро месозанд. Ба гуфтаи Human Rights Watch, ин коргарон маҷбур буданд, ки маоши худро ба ҳисоби ҳукумати Кореяи Шимолӣ гузаронанд.

Human Rights Watch мегӯяд, ки мақомоти Русия борҳо аз монитори сохтмонҳо сарпечӣ кардаанд. Ин созмон аз Федератсиюни байналмилалии футбол ва мақомоти Русия даъват кардааст, ки шароити кор дар иншоотҳои номбурдаро нашр кунанд. Маскав нақзи ҳуқуқи коргаронро рад мекунад. Бозии Қаҳрамонии ҷаҳон оиди футбол соли 2018 баргузор мешавад ва Русия 17 июн Ҷоми конфедератсияро ба даст меорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG