Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон Конгрессро аз таҳримҳои тоза алайҳи Русия ҳушдор дод


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ҳушдор дод, ки бастаи навбатии таҳримҳо алайҳи Русия метавонад роҳҳои робита бо Маскавро, ки ба гуфтаи ӯ бисёр муҳиманд, масдуд кунад. Ин нуктаро Тиллерсон дар нишасти кумитаи Сенат дар умури равобити байналмилалӣ баён кард.

Тиллерсон гуфт, хуб мешуд, ки ин таҳримҳо ба чигунагии ҳамкории Русия бо Амрико дар мубориза бо терроризм ва талоши ба эътидол овардани авзоъ дар Сурия вобаста бошанд.

Тиллерсон дар Сенат як рӯз баъд аз созиши вакилон барои ба тарҳи қонун ворид кардани таҳримҳо алайҳи Эрон ва густариши таҳримҳо алайҳи шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия сӯҳбат кард. Қонунгузорон мехоҳанд, дар рӯйхати таҳримҳо исми онҳоеро бубинанд, ки дар амалҳои Русия дар Украина ва Сурия даст доранд.

Намояндагони ду ҳизби умдаи Амрико аз президент Трамп даъват кардаанд, ки бо истифода аз ҳаққи худ ин тарҳро вето накунад.

XS
SM
MD
LG