Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ғизои заҳролуд дар Мавсил ду нафар кушта ва садҳо нафар мариз шуд


Заҳролудшавии саросарии кӯдакони беҷошуда дар Мавсил
Заҳролудшавии саросарии кӯдакони беҷошуда дар Мавсил

Вазорати беҳдошти Ироқ мегӯяд, ки аз ғизои заҳролуд дар урдугоҳи одамони беҷошуда дар шимоли Мавсил, ду нафар ҳалок ва садҳо тани дигар шадидан мариз шуданд.

Вазири беҳдошт Адила Ҳамуд рӯзи 13-уми июн гуфт, ки шоми гузашта дар пайи тановули ғизо дар урдугоҳи минтақаи Ал-Хазар дар маҷмуъ 752 нафар заҳролуд шуд.

Мақомот мегӯянд, як зан бо духтаре ҳалок шуда, вазъи 300 нафар бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Ҳамуд, ки гуфт, ки ғизоро созмони ғайридавлатӣ таъмин мекард.

Зоҳид Хотун, узви кумитаи порлумон дар умури одамони беҷошуда, гуфт, аҳли урдугоҳ баъд аз тановули ифтор дилбеҳузурӣ эҳсос карданд ва бархе ҳам аз ҳуш рафт.

Хабаргузории "Рудав"-и Курд навиштааст, ки ғизо дар тарабхонаи Ирбил омода шуда ва онро созмони хайрияи Қатар ба урдугоҳ расонд.

Урдугоҳ сарпаноҳи ҳазорон нафар аст, ки аз даргириҳои байни нерӯҳои ҳукумати Ироқ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар сари Мавсил, фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG