Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА тарҳи таҳримҳои нави зидди Русияро омода кард


Сенатори амрикоӣ Митч Макконел
Сенатори амрикоӣ Митч Макконел

Рӯзи душанбе сенаторҳои амрикоӣ бар сари тарҳи густариши таҳримҳои зидди шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия ба созиш расиданд. Гуфта мешавад, ки ин тарҳ посух ба амалкардҳои Маскав дар Украина, ҳамлаҳои интернетӣ ба ситодҳои интихоботии Амрико ва мудохилаи Русия дар Сурия аст.

Тарҳи нав ба Конгресс ҳақ медиҳад, ки ҳама гуна талоши ҳукумати Доналд Трампро ба сабук кардани таҳримҳои зидди Кремл баррасӣ намояд.

Раҳбари аксарият дар Сенат Митч Макконелл раъйдиҳӣ барои тарҳи навро расман ба охири ин ҳафта вогузоштааст. Ин пешниҳодҳо, инчунин, ба густариши таҳримҳои зидди Эрон низ рабт мегиранд.

Таҳримҳои нав зидди кормандони идораҳои иктишофӣ ва низомии Русия нигаронида шудаанд. Бахше аз онҳо риштаҳои энержӣ, роҳи оҳан ва истихроҷи захираҳои табиӣ барои иқтисоди ҳарбии Русияро фаро мегиранд. Дар тарҳи нав, инчунин, роҳҳои муҷозоти поймолкунандагони ҳуқуқи инсон дар Русия пайрезӣ шудаанд.

Ташаббускорони қонунгузорӣ бар инанд, ки тарҳи нав ҳимояти комили Сенатро ба даст хоҳад овард. Вокуниши Кохи Сафед ба он ҳанӯз маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG