Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди бунгоҳи нави атомӣ дар Хуҷанд барои муолиҷаи саратон


Дар инҷо таҷҳизоти муолиҷаи партавдармонӣ ҷойгир мешавад. Акс аз Сандра Стейскал аз IAEA

Дар Тоҷикистон, ки солона бештар аз 3 ҳазор гирифтори бемории саратон ба муолиҷаи партавдармонӣ ва ё радиотерапия эҳтиёҷ пайдо мекунанд, қарор аст, ба зудӣ як маркази нави муолиҷаи саратон боз шавад. Барои таъсиси марказ, ки дар вилояти Суғд ҷойгир аст, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ кӯмак мекунад.

Лутсиана Вегас, сухангӯи ин муассиса ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки бар асоси тарҳи беҳтар кардани муолиҷаи гирифторони саратон дар Тоҷикистон, ки сол ба сол бештар мешаванд, Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ маркази нав дар вилояти Суғдро бо таҷҳизоти пешрафтаи муолиҷаи партавдармонӣ таъмин мекунад ва ба кормандони он роҳҳои истифодаи таҷҳизоту муолиҷаро нишон медиҳад.

“Айни замон бар асоси тарҳ дар назар аст, ки маркази партавдармонии Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявии саратоншиносӣ тармим ва навсозӣ шавад”- омадааст, дар номаи Лутсиана Вегас, сухангӯи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ.

Саратон дуввумин бемории кушанда дар Тоҷикистон

Маркази бемориҳои саратон дар Душанбе
Маркази бемориҳои саратон дар Душанбе

Саратон дар Тоҷикистон баъд аз бемориҳои қалб кушандатарин бемории ғайрисироятӣ баъд аз бемории қалб ба ҳисоб меравад ва 59 дар сади маргу мир аз ҳисоби ин бемориҳоянд. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, ки ҳар сол тахминан 3 ҳазор гирифтори саратон дар Тоҷикистон ба партавдармонӣ эҳтиёҷ доранд, вале соли гузашта фақат 800 нафар дар Душанбе ин муолиҷаро гирифтаанду халос.

Дар пойтахт фақат ду воҳиди муолиҷаи партавдармонӣ мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз нестанд, ба қадри кофӣ мутахассис надоранд. Ба гуфтаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ин вазъ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон қудрати кофӣ барои муолиҷаи беморони саратонро надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ислоҳу тақвияти низоми тандурустӣ яке аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст ва 10 сол пеш дар Пажӯҳишгоҳи ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, маркази партавдармониро бо кӯмаки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ таъсис дод. Аммо бо гузашти як даҳсола таҷҳизоту зербунёди марказ кӯҳна шудаанд ва навсозӣ эҳтиёҷ доранд.

Муроҷиати ҳукумат барои кӯмак

Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон аз оҷонси мазкур, ки дар истифодаи сулҳомези энержии атомӣ кӯмак мекунад, хостааст, дар навсозӣ ва таъмини марказ бо таҷҳизоти нав мусоидат намояд. Дар номаи Лутсиана Вегас, сухангӯи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Радиои Озодӣ омадааст, ки тарҳи нави кӯмак ба Тоҷикистон моҳи ноябр дар Шӯрои мудирони оҷонсӣ баррасӣ мешавад ва дар сурати ризоияти шӯро, иҷрои он аз соли 2018 оғоз меёбад. “Ҳадаф аз тарҳ, идомаи кӯмак дар таъсиси маркази минтақавии муолиҷаи партавдармонӣ дар вилояти Суғд ва навсозии марказ дар Душанбе аст”- омадааст, дар ин нома.

Субҳиддин яке аз гирифторони саратон дар Тоҷикистон
Субҳиддин яке аз гирифторони саратон дар Тоҷикистон

Моҳи апрели ҳамин сол ду мутахассиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба Тоҷикистон омада ва аз мақомот пурсидаанд, ки чӣ гуна метавонанд, ба кишвар дар амри беҳтар кардани хидматрасонӣ ба гирифторони саратон кӯмак намоянд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд зимни қабули мутахассисони оҷонсӣ Брендан Ҳейлӣ ва Сандра Стейскал гуфтааст, ки ҳукумат барои бунёди бунгоҳи таҷҳизоти партавдармонӣ ва ё радиотерапия дар Маркази саратоншиносии Хуҷанд пул ҷудо кардааст ва сохтмони он тақрибан такмил шудааст.

Аммо бунгоҳ ҳанӯз фаъол нест, чун таҷҳизоти лозимиро надорад ва кормандон бояд кор бо таҷҳизоти муосирро омӯзанд. Ба гуфтаи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар сурати иҷрои тарҳ, дар Тоҷикистон имкони муносиби муолиҷаи партавдармонӣ ва дастрасии беҳтари гирифторони беморӣ ба муолиҷа фароҳам мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG