Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Эрдуғон аз Қатар дар пасманзари иттиҳоми терроризм


Фурӯшгоҳе дар Қатар

Пойгоҳҳои истеҳсолии Қатарӣ бовар доранд, ки камбуди ғизоро метавон аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти дохилӣ бар тараф кард. 80 дар сади воридоти Қатар аз кишварҳои арабии Халиҷ буд. Як ҳафта инҷониб Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср ва чанд кишвари дигар Қатарро ба пуштибонӣ аз ҷунбишҳои ифротиву террористӣ муттаҳам ва рафтуомади заминиву баҳриву ҳавоӣ бо ин кишварро қатъ карданд.

Мақомоти Қатар иттиҳоми ҳамсояҳоро рад мекунанд.

Охири ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдураҳмон Сонӣ дар Маскав даъват кард, ки баҳси феълии кишварҳои Халиҷ бо роҳҳои дипломатӣ ва эҳтироми якдигар ҳал шавад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа аз Қатар пуштибонӣ кард ва даъвои ҳамсояҳо бо Давҳаро беасос хонд.

Рӯзи чоршанбе парламенти Туркия қонуни иҷозатдиҳандаи ирсоли нерӯҳо ба Қатарро тасвиб кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG