Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳо дар тазоҳуроти зиддифасод дар Русия


Гирдиҳамоии бидуни иҷозат дар маркази Маскав

Тарафдорони сиёстмадор Алексей Навалний бахшида ба "Рӯзи Русия" дар чандин шаҳру вилоят раҳпаймоиҳои зиддикоррупсионӣ баргузор карданд. Пулис даҳҳо нафар аз ширкаткунандагони ин тазоҳуротро боздошт кард.

Дар маркази шаҳри Владивосток байни тазоҳуркунандагон ва сарбозони пулиси таъйиноти махсус задухӯрд ба амал омад. Пулис 11 нафар, аз ҷумла фаъоли ҷамъиятӣ Максим Шинкаренкоро, ки шиори "Дафъ шав, Димон"-ро дар даст дошт, ба ҳабс гирифт. Дар пароканда кардани тазоҳуроте, ки мақомоти шаҳр онро ғайриқонунӣ меноманд, казакҳо низ иштирок карданд.

Даргирдиҳамоии бидуни иҷозати Благовешенск чаҳор тан боздошт шуд. Яке аз онҳо шиори "Русия бе коррупсия"-ро дар даст дошт.

Ҳукумати шаҳри Қазон ба мухолифон иҷоза дод, ки дар канораҳои шаҳр ва танҳо соати 7-и субҳ тазоҳурот кунанд, аммо созмондиҳандаи раҳпаймоиро боздошт кард. Дар тазоҳурот наздики 400 нафар ширкат дошт. Гирдиҳамоиҳо дар Барнаул, Красноярск, Новосибирск, Улан-Удэ ва Хабаровск низ баргузор шуданд.

Як рӯз пеш Алексей Навалний эълом дошт, ки тазоҳуроти боиҷоза дар хиёбони Сахарови Москва мумкин аст, ба иллати фишори мақомот, ки истифодаи садобар ва лавҳаҳои видеоиро манъ кардаанд, баргузор нашавад. Вай аз тарафдоронаш хост, тазоҳуроти осоиштаро дар кӯчаи Тверской, наздикии Кремл барпо кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG