Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 соли зиндон барои фиреби 35 маъюби мӯҳтоҷи тоҷик САДО


Додгоҳи шаҳри Душанбе се нафарро ба фиребидани 35 маъюб ва аз худ кардани садҳо ҳазор сомонии онҳо гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард.

Муҳокимаи се нафар Саёҳат Соҳибназарова, Маҳдмуҷон Носиров ва Билолиддин Мудинов охири ҳафтаи гузашта баргузор шудааст ва ин се нафар бо гуноҳи қаллобӣ мутаносибан аз 9 то ба 11 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, омадааст, ки парвандаи Ҳалима Раҳматова яке аз муттаҳамон ба қаллобӣ, қатъ шудааст, зеро далел барои собит кардани иттиҳомот вуҷуд надоштааст.

Маҳкумшудагон ба зиндон ва вакилонашон гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Душанбе розӣ нестанд ва барои бознигарии ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Муфаттишони парванда мегӯянд, ки ҳарсе нафар як созмони дурӯғинеро ташкил додаанд ва 35 маъюб аз шаҳру ноҳияҳои гуногун, аз ҷумла Душанбе, Нуробод, Сарбанд, Ҳисор, Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Бохтар фиреб дода ва 200 ҳазор сомонии онҳоро аз худ кардаанд.

Баъдан, ба онҳо мегуфтаанд, ки ба таври имтиёз ва бо нархи арзон барояшон хона, мошини маъюбӣ ва ё бо нархи арзон ба хориҷа ба табобат равон мекунанд. Аксари маъюбон аз наздиконашон пул қарз карда, ба онҳо додаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки моҳи март аз боздошти чаҳор нафар хабар дод, гуфта буд, ки ин афрод аввал ба маъюбон 3 килограмӣ равған ва 50 сомонӣ додаанд ва сипас ба онҳо гуфтаанд, ки дар сурати пардохти маблағи муайян барои онҳо аробаи маъюбӣ мегиранд ва барои муолиҷаи арзон мефиристанд.

Дар шарҳи боздошти ин афрод Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки ин афрод аввал барои як қаллобӣ боздошт шуданд, вале баъдан маълум шуд, ки миқёси фиребгариашон васеътар будааст.

“Онҳо аввал ба маъбон 3 литр равған ва 50 сомонӣ дода, рақамҳои телефонашонро ба онҳо дода, ваъда мекардаанд, ки барояшон кӯмак мекунанд. Баъдан, ба онҳо мегуфтаанд, ки ба таври имтиёз ва бо нархи арзон барояшон хона, мошини маъюбӣ ва ё бо нархи арзон ба хориҷа ба табобат равон мекунанд. Аксари маъюбон аз наздиконашон пул қарз карда, ба онҳо додаанд."

10 соли зиндон барои фиреби 35 маъюби мӯҳтоҷи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
Линки мустақим

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин чаҳор нафар созмони хайриявии худро “Мадад ба маъюбон” унвон карда, мӯҳри қалбакӣ низ бо худ доштаанд.

Ғаюр, як маъюб аз ноҳияи Нуробод 19 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, чун онҳо мӯҳру имзо доштанд ва касе ба онҳо чизе намегуфт, ба ваъдаашон эътимод карданд. Ин нафар, ки маъюби гурӯҳи дуюм аст, мегӯяд, ба ӯ ваъда додаанд, ки танҳо бо супурдани 5 ҳазор сомонӣ барои табобат ба хориҷа фиристода мешавад: "Моро тобистони соли 2016 ваъда карданд, вале пулро гирифта ва бедарак шуданд. Мо ба милиса муроҷиат кардем ва баъдан пайдояшон карданд.”

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Нуробод ин гурӯҳ 13 маъюбро бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ фиреб додаанд. Аммо Раҳмат Қудратов, аз наздикони Сайёҳат Соҳибназарова 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, ки наздикашон ба чунин коре даст задааст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 31 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 31 ҳазор маъюб зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Раҳмат Қудратов, "Саёҳат бечора худаш маъюби гурӯҳи якум аст. Як вақт гуфта буд, ки дар кадом ташкилоте кор мекунад. Духтари ҷавон аст. 28-29 сола ҳаст, шояд касе фиребаш дода бошад."

Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, маъюбон зудбоваранд ва зоҳиран дар ин қазия аз мӯҳтоҷии онҳо сӯистифода шудааст. “Мо пас аз шунидани ин ҳодиса рақамҳоямонро ба намояндагиҳои маъюбон додем, ки дар чунин ҳолатҳо ба мо муроҷиат кунанд, то ки мо мақомотро хабардор кунем. Соли гузашта як нафар ҳам пайдо шуд, ки аз номи маъюбон бардурӯғ маблағ ҷамъ мекард.”

Маъюбон дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки бештар аз 31 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, як табақаи мӯҳтоҷу осебпазир ҳастанд ва кӯмаки иҷтимое, ки аксарашон мегиранд, бисёр кам аст.

XS
SM
MD
LG