Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони ИМА оиди парвандаи дахолати Русия дар Сенат посух медиҳад


Додситони ИМА Ҷефф Сешнс
Додситони ИМА Ҷефф Сешнс

Додситони кул ва вазири адлияи ИМА Ҷефф Сешнс рӯзи сешанбеи 13 июн ба суолҳои аъзои кумитаи иктишофии Сенат, ки эҳтимоли дахолати Русияро дар интихоботи президентии соли 2016 таҳқиқ дорад, посух мегӯяд.

Дар нома ба кумита Сешнз гуфтааст, мехоҳад, дар робита ба баёноти роҳбари пешини Бюрои федеролии таҳқиқоти ИМА Ҷеймс Комӣ посух диҳад. Комӣ ҳафтаи гузашта дар Сенат ба суолҳои вакилон ҷавоб дода буд. Аз посухҳои Комӣ мешавад хулоса кард, ки вай ба Сешнс бовар надошт. Аз ҷумла мулоқоти Сешнс бо сафири Русия дар ИМА Сергей Кисляк дар соли 2016 нобоварии Комиро ба бор оварда буд.

Сешнс баъди таъйин шуданаш ба мансаби додситони кулли ИМА дар моҳи марти соли ҷорӣ, бо хоҳиши худ аз таҳқиқи эҳтимоли дахолати Русия дар интихобот ва робитаҳои ситоди Трамп бо Русия канор рафт. Ӯ гуфт, дар рафти маъракаи интихоботӣ шахси боэътимоди президенти кунунӣ буд ва намехоҳад, ба ин пажуҳиш раҳбарӣ кунад.

Баъди худдории Сешнс Боб Мюллер, додситони махсус, роҳбарии таҳқиқотро бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG