Мақомоти Амрико гуфтанд, ки cе сарбози кишварро рӯзи 10-уми июн дар Афғонистон талаф доданд. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, ин се нафар аз тири як сарбози афғон дар вилояти ҷанубии Нангарҳор кушта шудаанд.
Дар ҳамла ду сарбози дигари амрикоӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи раиси вилояти Нангарҳор, ҳодиса дар ноҳияи Ачин ва айни ҷанг бо аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми даргирӣ бо ҷангҷӯён, як сарбози афғон аслиҳаро ба самти сарбозони амрикоӣ баргардонда ва онҳоро куштааст. Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд ва гуфтанд, ки ҳамлавар ҷангҷӯи онҳо буд, ки ба сафи нерӯҳои давлатӣ роҳ ёфтааст.
Мақомоти ғарбӣ мегӯянд, бисёре аз ин ҳамлаҳо бинобар сӯитафоҳуми фарҳангӣ ва ё ба сабаби хусумати шахсӣ будаанд. Артиши Амрико гуфт, дар бораи ин ҳодиса дар вақти муносиб хабари бештар нашр мекунад.