Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ду гумонбар дар робита бо ҳамлаи ахир дар Эрон


Ҳамла ба порлумони Эрон

Пулиси Эрон бо гумони даст доштан дар ҳамлаҳои аввали ҳафтаи равон дар Теҳрон ду нафарро боздошт кард. Дар ин бора матбуоти Эрон хабар додааст. Дар ин ҳамлаҳо 17 нафар ҳалок шуд.

Телевизиони давлатӣ рӯзи 9-уми июн гуфт, ки ин ду гумонбар дар вилояти ғарбии Кирмоншоҳ боздошт шуд.

Маросими ҷанозаи қурбониёни ҳамлаи ахир рӯзи ҷумъа баргузор гардид. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаи рӯзи 7-уми июн ба порлумони Эрон ва мақбараи Оятуллоҳ Хумайниро бар дӯш гирифт.

Вазорати истихборот рӯзи 9-уми июн гуфт, панҷ нафаре, ки дар ин ҳамлаҳо иштирок доштанд, эронӣ ва узви гурӯҳи тундрави ДИИШ буданд.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, ин гурӯҳ тобистони соли 2016 барои анҷоми амалҳои террористӣ дар маконҳои мазҳабӣ ба Эрон баргашт, аммо дар ҳоле рӯ ба фирор ниҳод, ки мақомот базе шохаҳои онро ошкор карда ва аз байн бурданд.

Пулис мегӯяд, ки дар чаҳорчӯби бозҷӯии ин қазия якчанд гумонбарро боздошт кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG