Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Никита Хрушевро қатори байнишаҳрӣ аз пой афтонд


Юлия Хрушева
Юлия Хрушева

Мақомоти Русия мегӯянд, ки Юлия Хрушева – набераи раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушев – рӯзи 8-уми июн аз зарбаи қатори байнишаҳрӣ дар канораҳои Маскав ҳалок шуд.

Ҷузъиёти ҳалокати Юлия Хрушеваи 77-сола маълум нест.

Кумитаи Таҳқиқоти Русия рузи 9-уми июн гуфт, ки ҳодиса тасодуф буд ва ӯро қатори байнишаҳрӣ зад.

Леонид Хрушев – падари Юлия Хрушева – писари бузурги раҳбари пешини СССР буд. Падари Юлия дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ҳалок шуд ва Хрушев набераи дусолаашро худаш бузург кард.

Никита Хрушев солҳои 1955-1964 Шӯравиро идора мекард.

XS
SM
MD
LG