Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Ҷопон қонуни барканории император Акихиторо пазируфт


Император Акихито
Император Акихито

Палатаи болоии порлумони Ҷопон рӯзи 9-уми июн қонун дар бораи аз тахт барканор кардани император Акихито ва интиқоли қудрат ба валиаҳдро қабул кард.

Тибқи қонун, раванди интиқоли қудрат набояд беш аз се солро дар бар гирад. Қонун танҳо ба шоҳи кунунӣ дахл дорад.

Моҳи августи соли гузашта императори 83-сола Акихито гуфт, бадшавии сиҳатиашро эҳсос мекунад. Вай ҳамзамон хост, ки уҳдадориҳояшро ба нафъи писари калониаш Нарухито соқит кунад.

Дар Ҷопон ин нахустин мавриди интиқоли қудрат дар 200 соли охир аст. Интизор меравад, ки интиқоли қудрат охири соли оянда сурат гирад.

То ин замон палатаи поёнии порлумони Ҷопон қонуни мазкурро тасдиқ карда буд.

XS
SM
MD
LG