Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Трамп ҳарфҳои Ҷеймс Комиро рад кард


Ҷеймс Комӣ - раҳбари пешини Идораи федеролии таҳқиқоти ИМА - FBI

Мудири пешини Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ё FBI Ҷеймс Комӣ рӯзи гузашта гуфт, ки ҳарфи президенд дар бораи "мушкили зиёди FBI" ҳақиқат надорад.

Комӣ ҳамчунин бо боварӣ афзуд, ки Трамп ӯро дар заминаи эҳтимоли робитаи афроди расмии амрикоӣ бо намояндагони баландпояи Русия аз мақом барканор карда.

Ҷеймс Комӣ, ки 8 июн дар кумитаи иктишофии сенати ИМА суханронӣ мекард, гуфт, ба бовари ӯ, таҳқиқи робитаҳо бо Русия Трампро "ба хашм" овард ва ин боиси барканории мудири FBI шуд.

Вакили дифои шахсии президент ба таври фаврӣ суханони мудири пешини FBI-ро рад кард. Марк Касовитс, вакили Трамп худи Комиро бо он айбдор кард, ки вай "асрори махфӣ" дар бораи мулоқоташ бо роҳбари давлатро ошкор кардааст.

Шоҳидии Ҷеймс Комӣ дар ҷаласаи сенат дар авҷи бесарусомониҳои сиёсие, ки Кохи сафедро фаро гирифтааст, нуктаи муҳиме дониста мешавад. Кумитаи иктишофии сенати Амрико мехоҳад таҳқиқ кунад, ки Трамп дар воқеъ мехост монеи таҳқиқоти FBI шавад ё на.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG