Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абхазия 5 тоҷики "узви ДИИШ"-ро ба Русия таслим кард


Хадамоти амнияти Абхазия панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвияти дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” боздошт карда ва ба ҷониби Русия таслим кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти милии Русия, “рӯзи 8 июн дар ҷараёни амалиёти фаврии ҷустуҷӯии зиддитерроризм, кормандони Хадамоти амнияти миллии Абхазия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд. Ин афрод дар узвият ба гурӯҳи мамнӯъи ДИИШ айбдор мешаванд”. Ин манбаъ гуфтааст, ин панҷ нафар барои идомаи корҳои тафтишотӣ ба ҷониби Русия таслим шудаанд. Қаблан низ чандин тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо чунин иттиҳом боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG