Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиконе, ки дар Қундуз кушта шудаанд аз гурӯҳҳои ифротгаро ҳастанд"


Мақомоти тоҷик дар Душанбе мегӯянд, онҳо аз ҳамкорони афғонашон дар Қундуз огаҳ шудаанд, ки ахиран дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои шӯришӣ дар ин шаҳр эҳтимол 9 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб ин афрод нафароне буданд, ки солҳои пеш ба гурӯҳҳои шӯришии Афғонистон ҳамроҳ шуданд, вале феълан маълумоте дар бораи ҳуввияти онҳо дастрас нашудааст.

Рӯзи 7 июн хабаргузории “Хома Пресс”-и Афғонистон хабар дод, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷангҳои зидди шӯришиён дар вилояти шимолии Қундуз дасти кам 11 шӯришӣ, аз ҷумла 9 ҷангии табааи Тоҷикистон кушта шудааст. Фармондеҳи полиси вилоятӣ бо пахши гузорише гуфтааст, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон амалиётеро дар ҳошияҳои ноҳияи Имом Соҳиб ба роҳ монданд ва шӯришиёнеро ҳадаф қарор доданд, ки дар як манзил паноҳ ёфта буданд. Дар изҳорот ин манзил марбут ба “қумандони бонуфузе” бо номи Мӯъмин ёд шудааст, ки мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт. Дар ҳоле, ки роҷеъ ба ҳуввияти қумандон Мӯъмин чизи бештаре гуфта намешавад, фармондеҳи полис гуфтааст, ки дар паи ҳамлаи ҳавоӣ ба манзили ин шахс, аз ҷумла, 9 ҷангии тоҷикистонӣ кушта шуданд. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳи мухолифи давлати Афғонистон ё худи Толибон дар ин замина вокуниш накардаанд.

Дар Душанбе Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нируҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои онҳо хабари эҳтимолан кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дастрас шудааст: "Ба иттилои расида, кушташудаҳо афроди гурӯҳҳои ифротгаро ва террорист будаанд, ки аз ҷониби нируҳои давлатии афғон кушта шудаанд".

Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳануз ҷузъиёти амалиёти нируҳои ҳукуматӣ дар Қундуз ба дасти онҳо нарасидааст. Вай гуфт, бо ин ки феълан чизи бештар аз он ки дар матбуот нашр шудааст, дар даст нест, тасдиқ кард, ки дар манотиқи шимоли Афғонистон, бахусус Имомсоҳиби Кундуз гуруҳҳое аз ифротгароёни тоҷиктабор ба сар мебаранд.

Дар гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар сафи гурӯҳҳои шӯришии Толибон дар Афғонистон шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар низ аъзо ҳастанд, ки зидди ҳукумати қонунии Кобул меҷанганд. Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар хоки Афғонистон муҷозот пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG