Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази тестӣ барои сарбозон имтиёз ҷорӣ кард


Соли 2015, навбати довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо дар назди Маркази тестии Душанбе
Соли 2015, навбати довталабони таҳсил дар донишгоҳҳо дар назди Маркази тестии Душанбе

Маркази миллии тестӣ ба сарбозоне, ки соли равон хизмати ҳарбиро ба анҷом расондаанд имкон медиҳад, ки шонси худро барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишвар бисанҷанд. Ба қавли масъулини Маркази милли тестӣ, ҷавононе, ки мӯҳлати хизмат дар артишро хатм ваё дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доштанд, дар фурсати аз 12 то 30 июн метавонанд аз қайди маркази тестӣ гузаранд. Ба қавли Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази милли тестӣ, ки рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ ин таҳаввулот дар муқаррароти кори ниҳодро шарҳ медод, чунин қоида танҳо дар шаҳри Душанбе амал мекунад. Дар саросари ҷумҳурӣ давраи асосии бақайдгирии довталабони таҳсил дар мактаби олӣ аз 1 март то 30 апрел анҷом шуд.

Собиқ сарбозон бар иловаи балли ба дастовардаашон боз соҳиби 75 холи иловагӣ мешаванд. Ин тасмим соли гузашта бо пешниҳоди Сарраёсати неруҳои марзбонӣ амалӣ шуд ва ҳадафаш ба гуфтаи масъулин, “ҷалби бештари ҷавонон ба хидмат ва ҳамин таври ҷалби онҳо ба таҳсил дар донишгоҳҳо” мебошад.

Сухангӯи Маркази миллии тестӣ ҳамчунин мегӯяд, имсол дар қабули имтиҳони донишҷӯён ба макотиби олии Тоҷикистон чанд тағйирот сурат гирифт. Аз ҷумла имсол аз довталабон изи ангушти довталабон гирифта шуда, онҳо ҳамчунин аз ҳаққи тағйири посухи худ маҳрум шудаанд. Қоидаи ҳазфи имкони тағйири посухи саволи тест ба хотири «аз байн бурдани ҳамагуна суол ва шубҳаи мардум дар рафти қабули имтиҳонҳо амалӣ мешавад”- гуфт Ситорабону Назарова.

Тибқи маълумоти ахири Маркази милли тестӣ, дар давраи бақайдгирии асосӣ бештар аз 95 ҳазор довталаб сабти ном шудааст, ки аз нақшаи қабул бештар аст. Соли равон нақшаи қабули довталабон ба макотиби олӣ ва чанд коллеҷ қариб 65 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло бар асоси як дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 дар имтиҳони қабул иншои озод ё эссе ҷорӣ карда мешавад. Ба гуфтаи масъулони марказ, иншои мазкур дар шакли дастнавис гирифта мешавад ва 3 омӯзгор ҳаққи тафтиши онро доранд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад. Ин марказ дар ҳоле ба роҳ андохта шуд, ки пурсишҳои афкори умум сохторҳои марбут ба таълиму омӯзиш, бахусус мактабҳои олиро аз фасодзадатарин ниҳодҳо унвон карданд ва мақомот мегӯянд, аз роҳи маркази тестӣ шаффофият ва адолати бештарро дар амри қабули имтиҳони довталабон таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG