Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар суҳбат бо амири Қатар пешниҳоди ҳалли буҳронро кард


Доналд Трамп, президенти ИМА дар суҳбати телефонӣ бо амири Қатар Тамим бин Ҳамод ал-Cонӣ гуфт, омодааст, ки дар ҳалли бӯҳрони кишварҳои Халиҷи Форс кӯмак кунад. Вай гуфт, омодааст, ҳатто дар Кохи сафед мулоқот баргузор намояд. Трамп ҳамзамон аз Қатар хост, ки аз сармоягузории терроризм пешгирӣ кунад.

Ахиран Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки инзивои Қатар ба "фарҷоми даҳшати терроризм оғоз мебахшад". Сарфи назар аз ин вазорати мудофиаи ИМА изҳор дошт, ки сиёсати Пентагон нисбати Қатар тағйир намеёбад. Ҳарфҳои Трампро дар вазорат шарҳ надоданд.

Рӯзи 5-уми июн Миср, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Миср муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд. Ба гуфтаи роҳбарони арабӣ, Қатар аз тундгароён ва Эрон пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Қатар қатъи робитаҳои дипломатиро бемаврид ва иттиҳоми пуштибонӣ аз терроризмро - беасос номиданд.

XS
SM
MD
LG