Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳо алайҳи истирдоди профессори турк дар Гурҷистон


Намоиши эътирозии гурҷиҳо ба пуштибонӣ аз Мустафо Емри Чобук

Даҳҳо нафар ба хотири пуштибонӣ аз профессори турк, ки дар ростои истирдод ба Туркия қарор дорад, рӯзи 7-уми июн дар назди бинои ҳукумат эътироз карданд.

Фаъолон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва донишомӯзону устодони Донишгоҳи Баҳри Сиёҳ ба нишони ҳамдилӣ бо Мустафо Амри Чобук, раҳбари коллеҷи Демирел дар Тбилисӣ, ба дастонашон дастбанд заданд.

Анкара истирдоди Мустафо Чобукро барои гӯё робитаи ӯ бо Фатҳулло Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико дархост кардааст, ки ҳукумати Туркия ӯро дар кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2016 муттаҳам медонад. Бо амри додгоҳи шаҳрии Тбилисӣ Чобук барои се моҳ ба боздоштгоҳи пеш аз истирдод фиристода шуд.

Тазоҳургарон ҳамроҳ бо парчамҳои Иттиҳоди Аврупо ва Гурҷистон шиорҳое бо навиштаҷоти "Муаллим гуноҳ надорад", "Истирдод накунед" ва "Озодӣ ба Мустафо Чобук"-ро баланд кардаанд.

Чобук 15 сол боз дар Гурҷистон зиндагӣ мекунад. Вакили ӯ Сосо Бараташвилӣ мегӯяд, дархости истирдод бо мадракҳои ҷиддӣ, ки робитаи зерҳимояи ӯро бо Гулен собит кунад, мустаҳкам нашудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Гурҷистон Ика Нануашвилӣ аз ҳукумати кишвар даъват кард, ки ҳангоми тасмимгирӣ оиди Чобук ба муқаррароти ва меъёрҳои байналмилалӣ такя кунад ва "нақзи сершумори ҳуқуқи боздоштшудаҳо", баъд аз кӯшиши табаддулоти Туркияро дар назар бигирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG