Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов имтиёзҳои аҳолии Туркманистонро лағв кард


Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳукуматаш дастур дод, ки имтиёзи амfлкунандаи аҳолӣ барои дарёфти кӯмакҳои иҷтимоиро ҳамчун ҳамчун як чораи "бетаъсир" лағв кунад. Дар ин бора матбуоти Туркманистон рӯзи 6 июн хабар дод.

Имтиёзи иҷтимоӣ, ки дастрасии ройгони аҳолии Туркманистонро ба обу газ ва барқ таъмин мекард, аз соли 1993 бо амри президенти пешин Сафармурод Ниёзов татбиқ мешуд.

Биноба маълумоти бахши туркмании Радиои Озодӣ, вазъи иқтисодӣ дар кишвар хуб нест ва дар ин авохир нархҳо башиддат боло рафтанд, маошҳо сари вақт пардохт намешаванд ва бекорӣ дар байни аҳолӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Бо ин ҳол мақомот маблағҳои ҳангуфтро дар бунёди сохтмонҳои серхарҷ сарф мекунанд. Ба маълумоти расмӣ харҷи мақомот дар бунёди ин иншоотҳо ба 50 миллиард доллар расидааст.

Туркманистон яке аз кишварҳои пӯшидаи Осиёи Марказӣ аст. Аз ҷиҳати бузургии захираи газ, ин кишвар дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Аммо ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид аҳолии Туркманистон, ин кишвари собиқ Шӯравӣ дар ҳоли фақр ба сар мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG