Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ВКХ китоби нави Рухшона Раҳмонова рӯнамоӣ шуд


Рухшона Раҳмонова, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ ва духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, китоби навашро бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ” муаррифӣ кард. Мақомоти вазорат рӯзи 7-уми июн гуфтанд, ки дар ин китоб татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ, таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик ва маълумот дар бораи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои кишвар дар хориҷа чоп шудааст.

Талбак Назаров, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар солҳои 1994 – 2006 ва муаллифи муқаддимаи китоби Рухшона Раҳмонова, рӯзи 7-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то имрӯз барои омӯзиш ва шинохти таҷрибаи дипломатияи тоҷик таҳқиқоти зиёд анҷом нашудааст ва дар маҷмӯъ таҳқиқоти ҳамсон дар оянда барои рушди мактаби миллии дипломатия хеле муҳим аст.

Ӯ гуфт, “агар гӯем, ки Вазорати умури хориҷиро дар як ҷойи холӣ бунёд кардаем, хато намешавад. Шароит беҳад вазнин буд ва мо бояд як пояе мегузоштем, ки бар асоси он дипломатияи тоҷик рушд кунад. Фикр мекунам, ҳоло дипломатияи тоҷик ҳамчун мактаб шакл гирифтааст ва бояд ин мактабро таҳким бахшем, то ҷавононе, ки ба кори дипломатӣ ҷалб карда мешаванд, тавонанд аз ин мактаб баҳрабардорӣ кунанд.”

Рухшона Раҳмонова моҳи ноябри соли 2016 ба мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Раҳмонова ба ин мақом баъди кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё омад.

Эмомалӣ Раҳмон нӯҳ фарзанд дорад ва Рушона Раҳмонова фарзанди сеюми раиси ҷумҳур аст. Фарзандони президенти Тоҷикистон чеҳраҳои матуботӣ нестанд ва ҷомеа дар бораи онҳо маълумоти зиёд надорад. Бархе аз намояндагони хонаводаи президент ҳангоми сафари расмии раиси ҷумҳури Чин ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2014 бори аввал дар ростои дурбинҳои наворбардорӣ зоҳир шуданд.

Ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи ду фарзанди президент – Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, ки мақомҳои баландро дар ҳукумати кишвар соҳиб шудаанд, маълумоти расмӣ мегирад. Озода Раҳмон 39-сола аст ва мисли хоҳараш Рухшона фаъолияти худро аз Вазорати корҳои хориҷӣ оғоз карда, то мақоми муовини аввали вазир расид. Ӯ моҳи январи соли 2016 ба мақоми раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳур таъин шуд.

Рустами Эмомалӣ соли 2013, замоне ки ҳамагӣ 26 сол дошт, раҳбари Хадамоти гумрук ва баъди ду сол сол раиси Оҷонсии мубориза бо фасод таъин шуд. Моҳи январи соли равон Рустами Эмомалӣ ба курсии шаҳрдори Душанбе нишаст.

Фаъолияти фарзандони раиси ҷумҳур дар мақомҳои муҳим мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мухолифин аст, ки таъйини аъзои оиларо ба мақомҳои муҳими давлатӣ бархӯрди манфиатҳо ва хилофи меъёрҳои як давлати демократӣ унвон мекунанд.

Аммо сиёсатмадорони ҷонибдори ҳукумат далел пеш меоранд, ки фарзандони президент ҳам шаҳрванди Тоҷикистонанд ва ҳақ доранд, аз рӯи тавони худ мақомҳоеро дар сохторҳои давлатӣ соҳиб шаванд.

XS
SM
MD
LG