Русия гуфт, ки ҳавопаймои ҷингии СУ-27 бомбаандози Амрикоро дар наздикии марзҳои баҳри Балтик думболагир кард. Дар изҳороти Вазорати дифои Русия гуфта мешавад, ки ҳавопаймои Су-27 баъди дар радарҳои Русия пайдо шудани ҳавопаймои амрикоӣ, ки дар фарози обҳои байналмилалии баҳри Балтик парвоз мекард, ба минтақа фиристода шуд. Ба гуфтаи ин ниҳоди низомӣ, СУ-27 ҳавопаймои амрикоиро ҳамчун бомбаандози стратегии B-52 муаян кард ва онро то таъғири масираш таъқиб намуд.
Ин ҳодиса дар пасманзари коҳиши равобти Маскав бо Ғарб рух дод, ки аз замони ҷанги сард мушоҳида намешуд. Ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони Шарқи Украина яке аз сабабҳои аслии сардии равобит унвон мешаванд.
Моҳи маи соли равон низомиёни Амрико бомбандози русии навъи ТУ-95-ро, ки аз тавони бардоштани силоҳи ҳастаӣ бархурдор аст ва бо ду ҳавопамои ҷангӣ ба самти соҳилҳои Аляска ҳаракат мекард, думболагир карданд.